- назар
- [نظر]а1. нигоҳ, дид; назар андохтан (афкандан) нигоҳ кардан; аз назар гузаронидан (чизеро, ҷоеро); назараш афтидан дида мондан (касе, чизеро); назар давонидан тез нигоҳ кардан; назар гузарондан; назар дӯхтан бо диққат нигоҳ кардан; назар кардан нигоҳ кардан; аз назар нопадид шудан дида нашудан, нонамоён гаштан, ғоиб гаштан; аз назар пинҳон шудан нопадид гаштан2. маҷ. чашм, дида; назар доштан чашм доштан, чашми умед доштан; назар ба… а) нисбат ба…., аз чизе дида…; б) бино бар…, аз рӯи…, мувофиқи…: назар ба фикри вай, назар ба қавли вай3. маҷ. фикр, мулоҳиза; нуқтаи назар фикр ва мулоҳизаи касе дар бораи масъалае; аз нуқтаи назари… аз рӯи ақидаи…, ба фикри…, бино бар диди…; ба назар зоҳиран, гӯё; ба назарам… ба фикрам, бино ба пиндоштам; ба назари аввал дар нигоҳи нахуст; гӯё ки, чунин менамояд, ки… ба назар намоён а) шоёни диққат, диққатҷалбкунанда; б) маҷ. муътабар, шинохта; ба назари истеҳзо истеҳзоомез; бо назари тааҷҷуб тааҷубомезона; дар назари… ба фикри…, аз рӯи ақидаи… доираи назар ҳудуди биниш, ҷаҳонбинӣ; аз мадди назари… дар пеши чашми…, ба он нигоҳ накарда; назараш паст… киноя аз дунҳиммат, мумсик, хасис; аз назар гузарондан а) як-як дида баромадан, санҷишкорона нигоҳ кардан; б) маҷ. хондан, мутолиа кардан; аз назар дур нарафтан доим дар пеши чашм будан, ба чашм намуда истодан, аз ёд набаромадан. аз назар ғоиб шудан нопадид гаштан, нонамоён шудан; ба назар афтодан ногоҳ дида шудан, нохост намоён шудан; ба назар гирифтан кин. ба эътибор гирифтан, эътибор додан, ба ҳисоб гирифтан; ба назар намудан намоён шудан, ба чашм расидан; ба назар нанамудан кин. беаҳамият ҳисоб кардан; мавриди эътибор қарор нагирифтан. ба назар овардан ба ёд овардан; ба назар тофтан дида шудан, ба чашм намудан, ба чашм афтодан; ба пеши назар овардан а) тасаввур кардан; б) намоён кардан, зоҳир сохтан, намоёндан ба пеши назар омадан намоён шудан, дида шудан (дар тасаввур, дар хаёл); дар зери назар гирифтан киноя аз дида истодан, назорат кардан; дар назар доштан киноя аз ба эътибор гирифтан, ба асос гирифтан; дар (ба) назар чунин намудан чунин тофтан, гӯё, зоҳиран; манзури назари касе кардан ба касе нишон додан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.